- Wednesday September 3rd, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Данғара, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва кулли кормандони Маъмурият ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин санаи таърихиву муқаддас, дар ҳудуди Маъмурият намоишгоҳи дастовардҳои истеҳсолии субъектҳои минтақа ва барномаи фарҳангиву идона ташкил ва ба намоиш гузошта шуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар оғози чорабинӣ роҳбари Маъмурият бо сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ёдовар гардид. Сипас, муовини Раиси ноҳияи Данғара бо баромади худ аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатиро барои миллати тоҷик таъкид намуда, саҳми Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро дар рушди иқтисоди миллӣ арзишманд арзёбӣ намуд.
![]() |
![]() |
Баъдан, сухан ба Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дода шуд. Ӯ дар баромади худ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми 34 соли истиқлолият бо ифтихор ёдовар шуда, нақши давлат ва ҷомеаро дар таҳкими ваҳдату рушд таъкид кард.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандон ва роҳбарони субъектҳои иқтисодӣ, ки дар рушди иқтисоди ноҳия ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои Ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида шуданд.
![]() |
![]() |
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.


Русский
English






