- Tuesday July 29th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
28 июли соли 2025, бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, сармоягузори Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни ташриф, байни Маъмурият ва ширкати сармоягузори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба таври расмӣ ба имзо расид. Ин санад заминаи устувор барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки саноат ва истеҳсолот хоҳад шуд.
Маъмурият омода аст дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва инфрасохторӣ фароҳам созад.


Русский
English