- Friday July 25th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
23 июли соли 2025, бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва инфрасохтори мавҷуда, гуруҳи кории Бонки Рушди Осиё (БРО) аз Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” боздид ба амал овард.
Зимни боздид, ҳайати БРО бо роҳбарияти Маъмурият мулоқот анҷом дода, дар мавриди дурнамои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Меҳмонон бо шароити ҳуқуқӣ, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инчунин иқтидорҳои истеҳсоливу логистикии минтақа шинос гардида, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карданд.


Русский
English