- Wednesday July 2nd, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Санаи 1 июли соли 2025 як гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ташриф оварданд. Зимни боздид, меҳмонон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва заминҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз наздик шинос шуданд.



Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Данғара” дар ҷараёни мулоқот ба сармоягузорон доир ба имкониятҳо, инфрасохтори мавҷуда ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ нисбат ба сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.


Русский
English