- Saturday June 28th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 27 июни соли 2025 дар бинои Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” вохӯрии расмии Роҳбари Маъмурият муҳтарам Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаи озод мубодилаи афкор намуданд.
Муҳтарам Собирзода Ҷ.А. зикр намуданд, ки Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” омода аст шароити мусоиди инфрасохторӣ, имтиёзҳои ҷолиби сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаро барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии сармоягузорон таъмин намояд. Таъкид гардид, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои сармоягузорӣ дар кишвар пайваста рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Сармоягузорони чинии ширкаткунанда низ аз имкониятҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар бахшҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика ва логистика, иброз доштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳо миёни Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва доираҳои соҳибкориву сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси манфиатҳои муштарак боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт.


Русский
English