- Wednesday June 4th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 4 июни соли 2025 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва муҳити тиҷоратии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз он боздид ба амал оварданд.
Меҳмонони олмонӣ зимни боздид бо шароити мавҷудаи инфрасохторӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ дар минтақаи мазкур аз наздик шинос шуданд. Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Данғара» ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташкили истеҳсолоти навро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сармоягузорони хориҷӣ изҳор доштанд, ки муҳити ҳуқуқӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла имтиёзҳои фароҳамовардашуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Онҳо таъкид намуданд, ки ният доранд дар оянда дар ҳудуди МОИ «Данғара» фаъолияти истеҳсоливу сармоягузории худро ба роҳ монанд.
Роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Данғара» бо изҳори омодагӣ ба ҳамкории судманд, таъкид доштанд, ки тамоми шароити зарурӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа муҳайё гардидааст.
Ин боздид қадами муҳиме дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон арзёбӣ мегардад.


Русский
English