Ҷаласаи корӣ дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, васоити ахбори омма ва Ассотсиатсияи блогерҳои Тоҷикистон

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 27 майи соли 2025 дар бинои Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, васоити ахбори омма ва Ассотсиатсияи блогерҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз, меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Минтақа, ки дар даромадгоҳи МОИ “Данғара” ташкил карда шуда буд, боздид намуданд. Сипас, онҳо бо фаъолияти корхонаҳои воқеъ дар ҳудуди Минтақа аз наздик шинос шуданд.

Ҷаласаи корӣ дар маҷлисгоҳи асосии Маъмурият баргузор гардида, роҳбарияти МОИ “Данғара” меҳмононро хайрамақдам гуфта, маълумоти мухтасар ва муфид доир ба имкониятҳо, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дастовардҳои муҳими Минтақа пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, баҳсу саволу ҷавобҳои судманд баргузор гардид. Ба саволҳои меҳмонон ҷавобҳои муфассал ва асоснок пешниҳод карда шуданд.



Leave a Reply