Ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар доираи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 корхонаи дигари истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара бунёд гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилоои масъулин дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” то имрӯз 26 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар думоҳаи соли 2021 ба 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ баробар шуда, нисбати соли гузашта 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ дар Минтақаи мазкур ба маблағи 1 миллиарду 795 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст.
Нахуст Корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат», ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» дар масоҳати 1,36 га замин бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Ғуломов Акмал бо маблағи 2,3 миллион доллари ИМА сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд
​ ​Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулоти саноатии он дар як сол 13,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур рангҳо ва андоваҳои декоративӣ эмулсия, андоваи минералӣ (грунтовка), сатилҳои банду баст барои маҳсулоти истеҳсолшуда, хокаи калсит, ки яке аз компонентҳои асосии истеҳсоли рангҳо ба ҳисоб меравад, бо сифати аъло ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои хориҷа ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи соли 2021 – 217 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин корхона 30 нафар ба ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.
Баъдан, Корхонаи конструксияҳои металӣ «Ауфен», ки аз ҷониби ҶДММ «Ауфен» бо сармоягузории соҳибкорони Чин ва муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар масоҳати 4 га замин бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт. Роҳбарии корхонаро Руан Банжуан – соҳибкори чинӣ ба уҳда дорад. Ҳаҷми сармоягузоӣ барои иншооти мазкур 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Самти фаъолияти корхона ин коркарди метал ва истеҳсоли конструксияҳои металӣ мебошад, ки ҳаҷми истеҳсоли солона дар коркарди метал 120000 тоннаро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои Афғонистон, Россия ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳи соли 2021 – 1 миллиону 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи нақша 200 нафар ба ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Бунёди хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт, ки аз ҷониби ҶДММ “Ширкати осиёи миёнагии нафту газ ва ангишт (сармоягузории) Шенсӣ” мавриди истифодабарӣ қарор ёфт.
Гуфта шуд, ки ин иқдом бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар “Минтақаи озоди иқтисодии Данғара”-дар асоси Созишномаи сармоягузории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишт (сармоягузории) Шенсӣ”- Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёди хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт) ба роҳ монда шуд.
Масоҳати замини корхона 1 га буда, маблағи сармоя 23 млн. долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии он 250 МгВт мебошад. Баъди пурра ба кор оғоз бахшидани корхона 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Самти фаъолияти он кашидани хатти барқи 220 кВ аз НБО-и Сангтуда-1 ва Зеристгоҳи Шар-шар ва бунёди Зеристгоҳи 220/35/10 кВт иборат аст.
Дар Минақаи мазкур боз як Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» мавриди истифода қарор дода шуд.
Тибқи маълумот Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эсанов Абдуҷаббор дар масоҳати 1 га замин бо маблағи 0,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии он дар як сол 50 ҳазор пагон метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутраш аз 16мм то 500 мм ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои хориҷ ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳи соли 2021 – 4 миллиону 515 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 10 нафар ба ҷойи кори домӣ таъмин мегардад.


Leave a Reply