Вохӯрии Муовини Роҳбар бо Директори генералии Ширкати “Помир Групп” оғои Аҳмадшоҳ Фақирӣ

          Дар санаи 19.09.2019 с. дар Маъмурияти МОИ “Данғара” Муовини роҳбар – Муминов Илҳомиддин Камолович ва Сармоягузор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Директори генералии Ширкати “Памир Групп” оғои Аҳмадшоҳ Фақирӣ (ин ширкат дар ҶИА бо истеҳсоли 40 намуд мотосикл, обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ машғул мебошад) вохурӣ намуданд. 

          Дар рафти вохурӣ аз рафти корҳои рафтаистода ва нақшаҳои дар оянда будаи МОИ “Данғара” ошно карда шуд. Аҳмадшоҳ Фақирӣ иброз намуданд, ки дар МОИ “Данғара” корхонаи сементбарориро бунёд хоханд намуд ва минтақае, ки барои сохтмони иншоотҳои саноатӣ ҷудо карда шудааст, дидан намуданд.

 



Leave a Reply