Имтиёзҳои гумрукӣ

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Молҳои дар ҳудуди МОИ “Данғара” ҷойгиршуда ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад, ки ин имкон медиҳад воридоти мол аз хориҷи кишвар бе пардохти боҷи воридотӣ ва ААИ (НДС) ба роҳ монда шавад.

Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъерии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд

Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад.

Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд.

Ҳангоми  аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол боҷҳои гумрукӣ пардохт карда намешавад, ААИ аз харидор ситонида мешаванд

Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда  мешавад.