Home Намудҳои фаъолияти афзалиятно
Намудҳои фаъолияти афзалиятно
истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайер аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, матоъҳои тайер ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, коркарди пӯсти чорвои майда ва калон бо истеҳсоли маҳсулоти тайери чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;
рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайер барои соҳаи дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъҳои пардаворӣ ва рӯйкаш барои мебелсозӣ, истеҳсоли фурнитураи истифодаи гуногун;
истеҳсоли курсию мебел;
истеҳсоли рангҳои гуногуни сунъӣ ва синтетикӣ;
истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
мошинсозӣ (васлкунӣ ва истеҳсоли автомобилҳо, тракторҳо ва техникаи гуногунтамға барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, қисмҳои эҳтиетӣ барои онҳо, таҷҳизот ва техникаю технологияи соҳаи коркард, хизматрасонӣ ва ниези мардум, насосҳои обкаш ва дигарҳо);
истеҳсоли лӯлаҳои ғайриметаллӣ барои соҳаҳои гуногун;
истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзӣ;
коркарди сангҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ;
истеҳсоли нахҳои шишагӣ, рухомӣ ва маҳсулоти тайер аз онҳо;
истеҳсоли масолеҳи сохтмони замонавӣ (шиша, дару тиреза, хиштҳо ва панелҳои гарминигоҳдорандаи стандарти байналмилалӣ, маҳсулоти ороишии пластикӣ (ба истиснои хишти сохтмонӣ);
истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ;
истеҳсоли маҳсулот аз коркарди партовҳои маишӣ (бе технологияи коркарди аввалия);
истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушӯйии кимиевӣ;
истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
истеҳсоли таҷҳизоту лавозимот барои соҳаи тандурустӣ;
истеҳсоли таҷҳизот ва лавозимоти рӯшанидиҳанда;
фаъолияти нархгузорӣ, қарздиҳӣ, суғуртакунӣ, консалтингӣ, аудиторӣ, лизингӣ ва сертификатсиякунонӣ;
фаъолияти воридотӣ ва содиротӣ;
фаъолият дар самти технологияи иттилоотӣ;
фаъолият дар самти тадқиқоти илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарҳо.