Бо қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20.01.2010 с. №1545 тасдиқ шудааст.

НИЗОМНОМАИ

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

1. Муқаррароти умумӣ

  • 1

    Низомномаи мазкур мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 таҳти №191 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии шакли истеҳсолию инноватсионии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» (минбаъд - МОИ «Данғара»)- ро муайян менамояд.

  • 2

    Мақсади асосии таъсиси МОИ «Данғара»:

    - ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент;
    - таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва кишвар дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, тараққӣ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ;
    - таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа;
    - рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
    - таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои иловагии корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа.

  • 3

    Вазифаҳои асосии МОИ «Данғара»:

    -рушди иқтидори иқтисодии минтақа дар асоси ҳамгироии сармоягузориҳои хориҷӣ бо воситаҳои пулию моддии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд;
    -ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ, техника ва технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани таҷрибаи хориҷии идоракунӣ ва усулҳои нави хоҷагидорӣ;
    - ҷорӣ намудани навовариҳо ва ихтирооти илмию техникии ватанӣ ва хориҷӣ дар истеҳсолот бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар минтақаҳои дигари кишвар;
    - ташкили шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, кам кардани хароҷоти истеҳсолот, истифодаи пурраи захираҳои озоди меҳнатӣ, табиӣ ва дигар захираҳои маҳаллӣ, барои истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок ҷиҳати содирот ва таъмини бозори дохилӣ;
    - бунёд ва ободонии ҳудуди МОИ «Данғара», ҳифз ва ҳимояи муҳити зист;
    - дар ҳудуди МОИ «Данғара» ташкил намудани инфрасохтори истеҳсолӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ (алоқа, нақлиёт, коммуникатсия ва ғайраҳо);
    - ташаккул додани буҷети мустақили МОИ «Данғара».

2. Мақоми МОИ «Данғара»

  • 4

    Мақоми МОИ «Данғара» бо сарҳадоти он, заминаи қонунгузорӣ ва низомҳои махсуси ҳуқуқӣ, инчунин буҷети минтақа ва мақомоти идоракунии худӣ муайян мегардад.

  • 5

    МОИ «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 25 сол дар масоҳати умумии 242,31 гектар қитъаи замин, ки аз ҳудудҳои алоҳида (маҳдуд) иборат аст, таъсис дода мешавад.

  • 6

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.
    Муносибатҳое, ки бевосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим дароварда нашудаанд, тибқи меъёрҳои қонунгузорие, ки ба моҳияти онҳо зид нестанд ва муносибатҳои монандро танзим менамоянд, амалӣ мегарданд.

  • 7

    Ба шахсони ҳуқуқӣ, намояндагиҳо, филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (резидент ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки фаъолияти худро дар ҳудуди МОИ «Данғара» амалӣ менамоянд (минбаъд - субъектҳои МОИ) низоми махсуси ҳуқуқии истифодаи замин, низомҳои махсуси гумрукӣ, андозӣ ва дигар низомҳои мӯқаррарнамудаи Низомномаи мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти МОИ-ро ба танзим медароранд, амал мекунад.

  • 8

    Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории МОИ «Данғара», ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, манъ аст.

  • 9

    МОИ «Данғара» дорои буҷети мустақил буда, аз ҳисоби даромадҳо ва пардохтҳое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, инчунин аз ҳисоби дигар манбаҳои маблағгузорие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

  • 10

    Мақоми идоракунӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» Маъмурияти МОИ «Данғара» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).
    Маъмурияти МОИ ҳамчун муассисаи давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ мегардад, фаъолияти худро анҷом медиҳад.

  • 11

    Дар МОИ «Данғара» чунин амалҳо манъ аст:

    - иҷрои корҳои истифодаи захираҳои зеризаминӣ (ба ғайр аз истихроҷи обҳои зеризаминӣ барои таъмини фаъолияти субъектҳои МОИ бо об);
    - истеҳсоли молҳои зераксизӣ, ба истиснои истеҳсоли нақлиёти автомобилӣ ва дигар воситаҳои нақлиётии муҳарриқдор, ки барои боркашонию мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанд;
    - истеҳсоли қоғазҳои қиматбаҳо, пул ва тангаҳо, маркаҳои почта;
    - истеҳсол, коркард ва фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
    - пахши барномаҳои радио ва телевизионӣ, ба истиснои хизматрасонии техникии радио ва телевизион;
    - истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ ва фурӯши маводҳои хатарнок ва радиоактивӣ;
    - истеҳсоли маҳсулоти аввалияи металлургияи ранга ва сиёҳ;
    - табобати касалиҳои руҳӣ дар шакли агрессивӣ ва бемориҳои сирояткунанда;
    - табобати ҳайвонҳое, ки касалиҳои хавфнок доранд;
    - фаъолияте, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ алоқамандӣ дорад;
    - бунёди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок, ки ба муҳити зист зараровар мебошад;
    - фурӯши маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ дар ҳудуди МОИ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ мансуб нестанд;
    - фурӯши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурӯши чаканаи маҳсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилӣ бо тарзи ташкили фаъолияти субъектҳои МОИ оид ба савдо ва хӯроки умумӣ дар ҷойҳои аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;
    - фаъолияти хоҷагидорию тиҷоратӣ, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ алоқамандӣ дорад;
    - воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, яроқ, лавозимоти ҷангӣ, дигар молҳое, ки фурӯш ва интиқоли онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудаанд;
    - ташкил намудани қимор ва лотереяҳо, қиморхонаҳо (казиноҳо), видеосалонҳо, бозиҳои автоматикӣ ва ҳоказо.

  • 12

    Реҷаи кории МОИ «Данғара» аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муқаррар карда мешавад. Реҷаи кории субъектҳои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ муқаррар карда мешавад.

  • 13

    Аз ҳудуди МОИ «Данғара» содироти молҳо ба кишварҳои дигар ҳавасманд карда мешавад.
    Нисбати истифодаи ҳатмии ашёи хом ва маводҳои маҳаллӣ бар ивази ашёи хом ва маводҳои воридотӣ талабот муқаррар карда намешавад.

3. Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данғара»

  • 14

    Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данғара»:

    - коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ;
    - истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, матоъҳои тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, коркарди пӯсти чорвои майда ва калон бо истеҳсоли маҳсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;
    - рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои соҳаи дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъҳои пардаворӣ ва рӯйкаш барои мебелсозӣ, истеҳсоли фурнитураи истифодаи гуногун;
    - истеҳсоли курсию мебел;
    - истеҳсоли рангҳои гуногуни сунъӣ ва синтетикӣ;
    - истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
    - мошинсозӣ (васлкунӣ ва истеҳсоли автомобилҳо, тракторҳо ва техникаи гуногунтамға барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, таҷҳизот ва техникаю технологияи соҳаи коркард, хизматрасонӣ ва ниёзи мардум, насосҳои обкаш ва дигарҳо);
    - истеҳсоли лӯлаҳои ғайриметаллӣ барои соҳаҳои гуногун;
    - истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, радиоэлектронӣ ва техникаи соҳаи маишӣ;
    - истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзӣ;
    - коркарди сангҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ;
    - истеҳсоли нахҳои шишагӣ, рухомӣ ва маҳсулоти тайёр аз онҳо;
    - истеҳсоли масолеҳи сохтмони замонавӣ (шиша, дару тиреза, хиштҳо ва панелҳои гарминигоҳдорандаи стандарти байналмилалӣ, маҳсулоти ороишии пластикӣ (ба истиснои хишти сохтмонӣ);
    - истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ;
    - истеҳсоли симҳои электрикии гуногунтамға;
    - истеҳсоли маҳсулот аз коркарди партовҳои маишӣ (бе технологияи коркарди аввалия);
    - истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушӯйии кимиёвӣ;
    - истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
    - истеҳсоли таҷҳизоту лавозимот барои соҳаи тандурустӣ;
    - истеҳсоли таҷҳизот ва лавозимоти рӯшанидиҳанда;
    - фаъолияти нархгузорӣ, қарздиҳӣ, суғуртакунӣ, консалтингӣ, аудиторӣ, лизингӣ ва сертификатсиякунонӣ;
    - фаъолият дар самти технологияи иттилоотӣ;
    - фаъолият дар самти тадқиқоти илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарҳо.

4. Субъектҳои МОИ «Данғара»

  • 15

    Ба сифати субъектҳои МОИ «Данғара» шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии онҳо, соҳибкорони инфиродӣ (резидент ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) эътироф карда мешаванд, ки:
    - тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
    - шартномаи пешбурди фаъолиятро дар ҳудуди МОИ «Данғара» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд;
    - сертификати субъектҳои МОИ «Данғара»- ро тибқи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, соҳиб гардидаанд.

  • 16

    Субъектҳои МОИ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд, ба роҳ мемонанд.

  • 17

    Шахсони ҳуқуқӣ, намояндагиҳо, филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (резидент ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар ҳудуди МОИ «Данғара» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мӯҳлати 1 сол аз рӯзи ба фаъолият шурӯъ намудани Маъмурияти МОИ бояд вазъи ташкилию ҳуқуқии худро бо муқаррароти Низомномаи мазкур мувофиқ намоянд.
    Дар ҳолати аз тарафи онҳо иҷро накардани талаботи Низомномаи мазкур Маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ҷиҳати қабули қарори дахлдор ба мақоми ваколатдори давлатии замин муроҷиат мекунад.

  • 18

    Бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - довталаб), ки хоҳиши гирифтани мақоми субъектҳои МОИ «Данғара»- ро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.

  • 19

    Маъмурияти МОИ барои бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ -резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъектҳои МОИ ба довталаб ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Данғара»-ро медиҳад.

  • 20

    Барои гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Данғара» довталаб ба Маъмурияти МОИ бо ариза ва замима намудани иттилоот дар бораи довталаб, бизнес-нақша(ҳо) ва (ё) лоиҳа(ҳо)и сармоягузорӣ муроҷиат менамояд.

  • 21

    Бизнес-нақша (ҳо) ва лоиҳа (ҳо) и сармоягузорӣ бояд ба талаботҳои зерин мутобиқат намоянд:

    - ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ – на камтар аз маблағи эквиваленти 500 ҳазор доллари ИМА;
    - ворид намудани на кам аз 90 фоизи таҷҳизоти технологӣ – истеҳсолӣ;
    - мӯҳлати қаблан истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ – истеҳсолии воридшаванда на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
    - оғоз намудани истеҳсоли маҳсулот на дертар аз 3 сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ҳамчун субъекти МОИ;
    - ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти содиротию воридотӣ – на камтар аз маблағи эквиваленти 50 ҳазор доллари ИМА;
    - ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти хизматрасонӣ – на камтар аз эквиваленти 10 ҳазор доллари ИМА.
    Ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи банди мазкур ҷавобгӯй намебошанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.

  • 22

    Маъмурияти МОИ дар мӯҳлати се рӯзи корӣ аз рузи гирифтани ариза, довталабро бо қарори қабулшуда огоҳ мекунад.

  • 23

    Довталабон барои дурустии маълумоти пешниҳодшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

  • 24

    Шакл ва тартиби омода намудани ариза, маълумоти иттилоотӣ, бизнес-нақша ва (ё) лоиҳаи сармоягузории довталаб аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ таҳия ва тасдиқ мегардад.

  • 25

    Довталаб барои гирифтани сертификати субъектҳои МОИ (минбаъд - сертификат) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд - шартнома) ба имзо мерасонад.
    Дар шартнома талабот оид ба фаъолият дар ҳудуди МОИ «Данғара», тартиби истифодаи имтиёзҳо ва низомҳои махсус, қитъаи замин, бино, иншооти истеҳсолию маъмурии ба иҷора додашаванда, коммуникатсияҳо, муносибатҳои молиявию хоҷагидорӣ ва дигар талаботи дар Низомномаи мазкур пешбинишуда дарҷ мегардад.

  • 26

    Барои ба имзо расонидани шартнома довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

    - ариза;
    - ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара»;
    - намунаҳои имзоҳои шахсони ваколатдори довталаб.

  • 27

    Маъмурият дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабро баррасӣ намуда, лоиҳаи шартномаро бо довталаб омода ва ба имзо мерасонад.

  • 28

    Баъди ба имзо расидани шартнома ба довталаб сертификат дода мешавад.

  • 29

    Сертификат ҳуҷҷати бақайдгирии довталаб ба сифати субъекти МОИ ба ҳисоб рафта, барои дар ҳудуди МОИ «Данғара» пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзҳову низомҳои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иҷозат медиҳад.

  • 30

    Шакл ва мазмуни шартнома ва сертификат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ таҳия ва тасдиқ мегардад.

  • 31

    Арзиши сертификат 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  • 32

    Маъмурияти МОИ дафтари бақайдгирии сертификатро бо шакли аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муқарраргардида пеш мебарад.
    Дар дафтари қайд, маълумоти асосӣ дар бораи субъектҳои МОИ дарҷ гардида, ба сертификат рақами бақайдгирӣ дода мешавад.

  • 33

    Дар ҳолати тағйир ёфтани намуди фаъолият ё шакли ташкилию ҳуқуқии субъекти МОИ тағйироти зарурӣ ба дафтари қайд ворид карда мешавад.

  • 34

    Тағйир додани намуди фаъолият ё шакли ташкилию ҳуқуқӣ мувофиқи аризаи субъекти МОИ дар асоси қарори Маъмурияти МОИ анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат ба субъекти МОИ сертификати нав дода мешавад ва сертификати кӯҳна бекор карда мешавад.

  • 35

    Боздошти муваққатӣ ва азнавбарқароркунии фаъолияти субъекти МОИ, инчунин беэътибор донистани сертификати субъекти МОИ бо асосҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
    1) боздошти муваққатии фаъолияти субъектҳои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мӯҳлати то 3 моҳ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои дар поён пешбинишуда амалӣ мегардад:
    - дар ҳолатҳои иҷро нагардидани шартҳои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз ҷониби субъектҳои МОИ «Данғара»;
    - ҳангоми аз ҷониби субъектҳои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектҳои хизматрасонӣ ва таҷҳизоти МОИ «Данғара» ва идомаи ин амалҳо новобаста аз огоҳ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;
    - ҳангоми аз ҷониби субъектҳои МОИ риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ё роҳ додан ба вайронкуниҳои тартибе, ки дар МОИ «Данғара» муқаррар гардидааст;
    2) азнавбарқароркунии фаъолияти субъектҳои МОИ бо иҷозати Маъмурияти МОИ дар ҳолати иҷрои шартҳо ё аз байн бурдани сабабҳои боздоштани фаъолияти субъектҳои МОИ амалӣ карда мешавад;
    3) бекор намудани (беэътибор ҳисобидани) сертификат аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотҳо дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:
    - агар муайян шавад, ки дар давоми мӯҳлати дар шартҳои шартнома нишондодашуда сабабҳое, ки ба қатъи муваққатии фаъолияти субъектҳои МОИ асос гардида буданд, аз байн нарафтаанд;
    - агар муайян шавад, ки аз тарафи субъектҳои МОИ талаботҳои низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вайрон шуда бошад;

  • 36

    Дар ҳолати бекор намудани (беэътибор ҳисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ ба мақоми ваколатдори давлатии бақайдгирии давлатӣ барои беэътибор донистани қайди давлатии субъектҳои МОИ бо нишонии ҳуқуқии МОИ «Данғара» муроҷиат менамояд.

5. Танзими реҷаи иҷозат барои даромад ба ҳудуди МОИ «Данғара»

  • 37

    Барои ба ҳудуди МОИ «Данғара» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, коргарони маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ ва дигар шахсон навъҳои зерини рухсатномаҳо пешбинӣ мегардад:
    - рухсатномаҳои доимӣ;
    - рухсатномаҳои муваққатӣ;
    - кортҳои хизматӣ.
    Шакл ва тартиби омода намудани рухсатномаҳо аз ҷониби Маъмурияти МОИ таҳия ва тасдиқ мегардад.

  • 38

    Рухсатномаҳои доимӣ, аз тарафи Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектҳои МОИ дода мешаванд ва бояд дорои маълумоти зерин бошанд:
    - ном ва мӯҳри махсуси Маъмурияти МОИ;
    - санаи дода шудан;
    - сурати дорандаи рухсатнома;
    - насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;
    - ҷойи кор;
    - шартҳои рухсат.

  • 39

    Рухсатномаҳои муваққатӣ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар даромадгоҳи МОИ «Данғара» ба шахсоне дода мешаванд, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ ба ҳудуди МОИ «Данғара» даъват шудаанд.
    Барои гирифтани рухсатномаи муваққатӣ субъектҳои МОИ ба таври расмӣ ба Маъмурияти МОИ на дертар аз як рӯзи ташрифи шахсони таклифшуда муроҷиат менамоянд.
    Ранги рухсатномаи муваққатӣ аз дигар рухсатномаҳо фарқ намуда, он ба хадамоти дахлдори МОИ «Данғара» ҳангоми баромадан аз минтақа баргардонида мешавад.
    Рухсатномаҳои муваққатӣ ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият эътибор доранд.

  • 40

    Кортҳои хизматӣ аз тарафи Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ, инчунин ба шахсоне, ки аз ҷониби Маъмурияти МОИ киро шудаанд, дода мешаванд ва онҳо дорои маълумоти якхела бо рухсатномаҳои доимӣ мебошанд.

  • 41

    Бо чунин тартиб рухсатномаҳо барои даромадани автомобилҳо, техникаҳои гуногун ва ронандагони онҳо дода мешаванд.

  • 42

    Рухсатномаҳо пулакӣ буда, дар асоси нархномаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дода мешаванд.

  • 43

    Субъектҳои МОИ бояд дар бораи аз кор рафтани кормандон худи ҳамон рӯз Маъмурияти МОИ-ро огоҳ намоянд. Дар ин ҳолат рухсатномаи доимии корманд ба Маъмурияти МОИ ҳатман баргардонида мешавад.

6. Ҳуқуқи субъектҳои МОИ «Данғара»

  • 44

    Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд:

    - бо иштироки сармоягузорони ватанию хориҷӣ ташкилотҳои муштарак таъсис диҳанд;
    - дар асоси шартномаҳо фаъолияти хоҷагидориро амалӣ намоянд, озодона шарикону мазмуни шартномаро интихоб намоянд, ӯҳдадориҳо, инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагидориро муайян намоянд;
    - мустақилона фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи молҳо (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин азнавсармоягузориҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом диҳанд, ба шарте ки хусусияти ин амалиётҳо хилофи қонунгузорӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд;
    - аз бонкҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳамагуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии хориҷиро ҷалб намоянд;
    - дар минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамагуна сармоягузориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашударо татбиқ намоянд;
    - истифодаи қитъаи заминро дар асоси шартнома дар бораи иҷораи мӯҳлатнок, иҷораи такрории молу мулк, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи гузашти истифодабариро ба ворисони ҳуқуқӣ аз рӯи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки шартномаи иҷораро имзо кардаанд, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро амалӣ намоянд;
    - шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси шартнома ба кор қабул намоянд;
    - барномаҳои истеҳсолиро мустақилона таҳия менамоянд;
    - ҳаргуна фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст, анҷом диҳанд.

  • 45

    Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ берун аз ҳудуди МОИ «Данғара» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шаванд.

7. Кафолати ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои субъектҳои МОИ

  • 46

    Давлат риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии субъектҳои МОИ-ро, ки дар ҳудуди МОИ «Данғара» фаъолият доранд, кафолат медиҳад.

  • 47

    Дар МОИ «Данғара» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода мешавад:
    - ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо;
    - ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии субъктҳои МОИ;
    - низоми баробари ҳуқуқии сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ;
    -роҳ надодан ба ҳеҷ гуна табъизи ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ.

  • 48

    Субъектҳои МОИ - сармоягузорони хориҷӣ, ки ба соҳаи хоҷагидорӣ ва ё дигар фаъолияти МОИ «Данғара» маблағгузорӣ ва ё саҳмгузории моддӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд аз натиҷаҳои сармоягузориҳои худ, аз ҷумла азнавсармоягузорӣ ва муомилоти тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда истифода баранд, ва ихтиёркорӣ намоянд. Субъектҳои МОИ - сармоягузорони хориҷӣ метавонанд фоида ё қисми онро дар намуди маҳсулот бароранд.

  • 49

    Ба субъектҳои МОИ - сармоягузорони хориҷие, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, пас аз пардохти маблағҳои ҳатмӣ интиқоли маблағҳо бо асъори хориҷӣ, ки чун фоида ба даст омадаст, инчунин аз фурӯши тамоми ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ бинобар хориҷ шудан ё барҳам хӯрдани ташкилот ба даст омадааст, кафолат дода мешавад. Субъектҳои МОИ - сармоягузорони хориҷӣ барои интиқоли маблағ, барои гарав, содирот ва қатъи сармоягузорӣ ба МОИ, ҳуқуқ доранд.

  • 50

    Баҳсҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла баҳсҳо байни иштирокчиёни ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ, ки дар МОИ «Данғара» ба вуҷуд меоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

8. Механизми молиявию асъорӣ

  • 51

    Фаъолияти МОИ «Данғара» дар асоси худмаблағгузорӣ амалӣ мегардад. Бо мақсади таъмини фаъолияти МОИ «Данғара» буҷети мустақили МОИ «Данғара» ташкил карда мешавад.

  • 52

    Буҷети мустақили МОИ «Данғара» шакли бавуҷудоии даромад ва хароҷоти воситаҳои пулии МОИ «Данғара» буда, барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои МОИ «Данғара» истифода мегардад.
    Лоиҳаи буҷети мустақили МОИ «Данғара» аз ҷониби Маъмурияти МОИ таҳия гардида, барои дохил намудан ба буҷети ҳарсолаи давлатӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ дар марҳилаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ пешниҳод мешавад.

  • 53

    Сарчашмаҳои ташаккулёбии буҷети мустақили МОИ «Данғара»:

    - даромадҳо аз иҷораи замин, бино, иншоот ва таҷҳизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ қарордошта;
    - арзиши сертификат;
    - пардохтҳо барои даромадан ба ҳудуди МОИ «Данғара» барои автомобилҳо ва техникаи гуногун (ба ғайр аз автомобилҳо ва техникаҳои Маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ);
    - пардохтҳо барои рухсатномаҳо барои даромадан ба МОИ «Данғара» (ба истиснои ҳайати кормандони Маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ);
    - даромадҳо аз хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла барои субъектҳои МОИ;
    - дигар пардохтҳо ва маблағгузорӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи молия, буҷети давлатӣ ва Низомномаи мазкур.

  • 54

    Номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва андозаи меъёрҳои пардохтҳои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ дар асоси пешниҳоди асосноки иқтисодии Маъмурияти МОИ муайян карда мешавад.

  • 55

    Иҷорапулӣ ва мӯҳлати иҷораи истифодаи қитъаҳои замин, инчунин майдонҳои анборҳои пӯшида, биноҳои истеҳсолӣ ва маъмурӣ, ки Маъмурияти МОИ ҳуқуқи истифодаи онҳоро дорад, дар асоси тартиби ҳисоби иҷорапулӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИвобаста ба намудҳои фаъолияти субъектҳои МОИ тасдиқ карда шудааст ва на камтар аз меъёрҳои зерин аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян карда мешаванд:
    - иҷораи ҳармоҳаи майдонҳои анборҳои пӯшида барои фаъолияти тиҷоратӣ, инчунин нигоҳ доштан, бандубаст ва ба навъҳо ҷудокунии маҳсулот маблағи 5 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳад ва дар ҳолати зиёд шудани мӯҳлати нигоҳдорӣ бештар аз се моҳ маблағи иҷора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;
    - иҷораи солонаи майдони биноҳои маъмурӣ 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳад ва дар ҳолати иҷораи он ба мӯҳлати зиёда аз як сол маблағи иҷора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад.
    - иҷораи солонаи майдонҳои биноҳо барои фаъолияти истеҳсолӣ 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳад ва дар ҳолати иҷораи он ба мӯҳлати зиёда аз як сол маблағи иҷора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;
    - иҷораи солонаи қитъаҳои замин маблағи 1 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳад.
    Ҳадди ниҳоии пардохтҳои муқарраршуда метавонанд бо қарори мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар асоси таклифҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки Маъмурияти МОИ тағйир дода шавад.
    Барои субъектҳои МОИ, ки дар қисми 17 Низомномаи мазкур қайд гардидаанд, меъёри иҷораи яксолаи китъаи замин дар давраи гузариш ба андозаи 25 фоиз муқаррар мегардад. Дар ҳолати аз ҷониби онҳо ба субъектҳои МОИ ба иҷора додани қитъаи замини вобасташуда, инчунин биною иншооти ба онҳо тааллуқдошта меъёри иҷораи замин ба андозаи 100 фоиз ё бо эквиваленти 1 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ дар як сол аз ҷониби Маъмурияти МОИ ситонида мешавад.

  • 56

    Хароҷот оид ба нигоҳдорӣ, таъмири майдонҳои замини истифодаи умум, роҳҳои дохилӣ, гузаргоҳҳо, майдонҳои муойина, сабзгардонӣ ва ғайраҳо аз ҳисоби маблағҳои Маъмурияти МОИ ва пардохтҳои субъектҳои МОИ аз рӯи тарифҳои муқаррарнамудаи Маъмурияти МОИ амалӣ мешаванд.

  • 57

    Дар МОИ «Данғара» муомилот бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ озод мебошад. Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (муассисаҳои онҳо) ва маблағгузории хурди дар МОИ «Данғара» воқеъгардида ва берун аз он ҳисобҳои бонкӣ дошта бошанд, хариду фурӯши пули миллӣ ва асъори хориҷиро дар МОИ «Данғара» озодона амалӣ намоянд ва амалиётҳои интиқолиро анҷом диҳанд.

  • 58

    Субъектҳои МОИ метавонанд аз ҳисоби фондҳои асъории ташаккулёфтаи худӣ ба коргарони худ бо асъори хориҷӣ музди меҳнат диҳанд, дар ҳудуди МОИ «Данғара» ҳисоббаробаркуниҳоро бо асъори хориҷӣ дар байни худ амалӣ гардонанд.

  • 59

    Дар МОИ «Данғара» метавонанд бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва суғуртавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд.

9. Фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои МОИ «Данғара»

  • 60

    Субъектҳои МОИ ӯҳдадоранд:

    - тибқи тартиби муқараршуда баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ амалӣ гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ «Данғара» тибқи тартиб ва номгӯи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳисоботу эъломияҳо оид ба пардохти андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда ба мақомоти андози ноҳияи Данғара пешниҳод намоянд;
    - сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохтҳои ҳатмӣ, маблағҳои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунандаро таъмин намоянд;
    - шахсони ваколатдори Маъмурияти МОИ- ро барои ташхиси чораҳои зиддиэпидемиологӣ ва зиддисӯхторӣ, ҳисоббаробаркуниҳо дар асоси шартномаи бо Маъмурияти МОИ басташуда роҳ диҳанд.

  • 61

    Субъектҳои МОИ ӯҳдадоранд қарорҳои Маъмурияти МОИ-ро, ки дар чорчӯбаи ваколатҳои худ қабул кардааст, риоя намоянд. Дар ҳолати бо қарорҳои Маъмурияти МОИ розӣ набудан субъектҳои МОИ метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ё суд муроҷиат намоянд.

  • 62

    Барои субъектҳои МОИ соли молиявӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабри ҳар сол ба охир мерасад.

10. Низоми гумрукӣ дар МОИ «Данғара»

  • 63

    МОИ «Данғара» қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    Сарҳадҳои ҳудуди МОИ «Данғара» сарҳадҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
    Моли дар ҳудуди МОИ «Данғара» ҷойгиршуда бо мақсади истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин мамнӯъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад.

  • 64

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ молҳои ватанӣ ва хориҷӣ бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии мамнӯъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

  • 65

    Барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молҳо дар ҳудуди МОИ «Данғара» тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти тиҷорати хориҷӣ анҷом дода мешаванд.

  • 66

    Анҷоми амали низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ва муайян намудани кишвари истеҳсолкунандаи мол тибқи муқаррароти қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молҳои аз ҳудуди МОИ «Данғара» содиршаванда амалӣ гардонида мешавад.

11. Низоми андозӣ дар МОИ «Данғара»

  • 67

    Субъектҳои МОИ дар давраи фаъолияташон дар МОИ «Данғара» мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои муайян озод карда мешаванд.

  • 68

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» фаъолияти субъектҳои МОИ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда озод карда мешаванд.
    Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда аз тарафи субъектҳои МОИ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.

  • 69

    Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣ- ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

  • 70

    Субъектҳои МОИ ҳамчун андозсупорандагон дар мақомоти андози ноҳияи Данғара ба қайд гирифта мешаванд.

  • 71

    Назорат аз рӯи пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда аз ҷониби мақомоти андози ноҳияи Данғара амалӣ мешавад.

  • 72

    Даромади бадастомада ё музди меҳнати сармоягузорони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин ҳолат аз андоз озод мебошанд.

12. Муносибатҳои меҳнатӣ дар МОИ «Данғара»

  • 73

    Муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаҳои кироя ва аз кор озод намудан, низоми меҳнат ва истироҳат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронпулиҳои субъектҳои МОИ бо қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастаҷамъӣ ва (ё) шартномаҳои инфиродии меҳнатӣ (қарордодҳо) ба танзим дароварда мешаванд.
    Шароит ва ҳаҷми музди меҳнат, инчунин дигар намудҳои даромади кормандон, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ аз тарафи субъектҳои МОИ мустақилона муқаррар гардида, аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт мешавад.
    Шартҳои шартномаҳои меҳнатии коллективӣ ва инфиродӣ ҳолати кормандони ин ташкилотҳоро дар муқоиса бо шартҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, инчунин Конвенсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат наметавонанд бад созанд.

  • 74

    Мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
    - ба Маъмурияти МОИ ваколати ба субъектҳои МОИ додани рухсат (иҷозатномаи корӣ) барои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ба вазифаҳои идоракунӣ ва техникӣ иҷозат дода мешавад ва дар ҳама ҳолат теъдоди кормандон-шаҳрвандони хориҷӣ набояд аз 20 фоизи теъдоди умумии кормандони субъектҳои МОИ зиёд бошад;
    - субъектҳои МОИ барои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ба Маъмурияти МОИ дархостро барои ҷалби мутахассиси хориҷӣ бо замимаи маълумот оид ба ин мутахассис, шартномаи меҳнатӣ миёни субъектҳои МОИ ва мутахассиси мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима, ки аз ҷониби Маъмурияти МОИ муқаррар гардидааст, пешниҳод менамоянд;
    - маъмурияти МОИ дархостро барои ҷалби мутахассиси хориҷӣ дар мӯҳлати то 10 рӯз баррасӣ менамояд. Рухсати кор бо назардошти мӯҳлати эътибори шартномаи меҳнатӣ аз 5 сол зиёд дода намешавад;
    - субъектҳои МОИ баъди гирифтани рухсати кор барои гирифтани раводид ва додани иҷозатнома ба шаҳрванди хориҷӣ барои истиқомат ба Маъмурияти МОИ дархост манзур менамоянд;
    - раводид ва иҷозатнома барои истиқомат ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ба кор ҷалб гаштааст, тавассути Маъмурияти МОИ аз ҷониби мақомоти дахлдори идораи давлатӣ дар асоси рухсати кор бо тартиби соддашуда бо назардошти мӯҳлати рухсати кор дода мешавад;
    - кормандони хориҷии субъектҳои МОИ, ки раводид ва рухсати кор гирифтаанд, бояд ба таври хаттӣ дар шӯъбаи раводид ва бақайдгирии мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд;
    - пардохти хизматрасонӣ барои додани рухсати кор, раводид ва додани иҷозатнома ба мутахассони хориҷии субъектҳои МОИ ва аъзои оилаи онҳо аз рӯи меъёрҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиқа бо мақомоти давлатии ваколатдори дахлдор мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

  • 75

    Субъектҳои МОИ ҳар моҳ музди меҳнати тамоми кормандонро дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ пардохт мекунанд. Дар ҳолати бо айби корфармо бо таваққуф пардохтани музди меҳнати кормандон, Маъмурияти МОИ ҳуқуқ дорад дар доираи ваколатҳои худ нисбати субъектҳои МОИ тибқи Низомномаи мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оид ба ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва хизматчиён пешбинӣ шудааст, чораҳо андешад.
    Кормандони субъектҳои МОИ метавонанд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ музди меҳнати худро, инчунин маблағи хароҷотиро ҳангоми анҷом додани сафарҳои хизматӣ, бо асъори миллӣ ё хориҷӣ гиранд.
    Музди меҳнатеро, ки кормандони хориҷӣ бо асъори миллӣ ё хориҷӣ ба даст овардаанд, мумкин аст пас аз пардохти андозҳо бе мамониат аз ҷониби онҳо ба хориҷа бароварда шавад.

  • 76

    Субъектҳои МОИ бояд:

    - қарордоди меҳнатиро барои ҳар корманди МОИ «Данғара» ҳангоми муроҷиат барои дарёфти раводиди доимӣ пешниҳод намоянд;
    - гирифтани раводидро дар мӯҳлати 72 соат пас аз ташрифи хизматчӣ таъмин намоянд;
    - ҳамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва бехатарии техникии корҳоро таъмин намоянд;
    - фавран ба Маъмурияти МОИ оид ба бедарак шудани ҳар як корманди худ хабар диҳанд;
    - кормандони худро бо ҷойи истиқомат таъмин намоянд;
    - кормандони худро ҳатман суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ намоянд;
    - барои зараре, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рӯи шартнома коркунанда расонида шудааст, инчунин барои осеби меҳнатие, ки бо гуноҳи корфармо дар ҳудуди корхона ба кормандон расонида шудааст, ҷавобгарии моддиро ба зимма гиранд.

  • 77

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» корпартоӣ манъ карда шудааст.

13. Тартиби дохилшавӣ (хориҷшавӣ) ба (аз) МОИ «Данғара»

  • 78

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» низоми соддаи дохилшавӣ ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида амал мекунад, ки инҳоро дар бар мегирад:
    - кам кардани 50 фоизи маблағи пардохтҳои консулӣ;
    - кам кардани мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани раводидҳои дохилшавӣ ва хориҷшавӣ;
    - додани раводидҳои дохилшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба МОИ «Данғара» равонаанд;
    - дигар хизматрасониҳои иттилоотию ҳуқуқӣ ва машваратӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои МОИ «Данғара» мувофиқ бо равандҳои тақйирёбандаи рушди минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.

  • 79

    Субъектҳои МОИ дар ҳолати зарурӣ баҳри гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Данғара» ба Маъмурияти МОИ аз рӯи тартиби муқарраршуда як моҳ пеш аз ташрифи мазкур дархост пешниҳод менамоянд.
    Маъмурияти МОИ дархостро баррасӣ намуда, ба субъектҳои МОИ дар бораи имконияти гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Данғара» мушаххасан оид ба ҳар кадом номзад хабар медиҳад.
    Рӯйхати шахсони барои кор ба МОИ «Данғара» ташрифоваранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиқ гардида, он барои баррасӣ ба идораҳои консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҷойҳои ташрифи кормандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
    Маъмурияти МОИ пешвозгирӣ ва ҳамроҳии шахсони ташрифовардаро то ҳудуди МОИ «Данғара» якҷоя бо намояндаи субъекти МОИ ва аз ҳисоби ӯ ташкил мекунад.
    Айнан ҳамин тартиб ҳангоми ба хориҷ рафтани кормандон - шаҳрвандони хориҷие, ки дар МОИ «Данғара» кор мекунанд, анҷом дода мешавад.

  • 80

    Маъмурияти МОИ барои гирифтани раводид ҷиҳати ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ, дароз кардан ва аз эътибор соқит донистани он мусоидат менамояд.
    Маъмурияти МОИ ҳар моҳ ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандони хориҷии барои кор ба МОИ «Данғара» ташрифоварда бо роҳи пешниҳоди рӯйхати шахсони воқеии хориҷии барои кор ба МОИ «Данғара» ташрифоварда мувофиқи тартиби муқарраршуда иттилоъ медиҳад.

  • 81

    Дохилшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ҳудуди наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафарҳои хизматӣ, корӣ, хусусӣ ва фаъолияти меҳнатӣ бо иҷозатномаҳои аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда амалӣ мегардад. Тартиби дохилшавӣ ва истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Бақайдгирӣ, масоили бақайдгирии муваққатӣ, дохилшавӣ ва истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Маъмурияти МОИ амалӣ мегардад.

14. Мӯҳлати амали МОИ «Данғара»

  • 82

    Мӯҳлати амали МОИ «Данғара» 25 сол мебошад.

    Мӯҳлат ва шартҳои давраи гузариш ҳангоми ҷорӣ кардани низоми МОИ «Данғара» аз тарафи Маъмурияти МОИ на зиёдтар аз 7 сол аз рӯзи тасдиқ гардидани Низомномаи МОИ «Данғара» муайян мегардад.
    Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва ба таври воқеӣ аз худ намудани қаламрави МОИ «Данғара» истифода мешавад.
    Мӯҳлат ва шартҳои давраи гузариш пеш аз қатъи амали низоми МОИ «Данғара» аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартҳои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то қатъи амали минтақаи озоди иқтисодӣ фаро мерасанд.
    Дар тамоми давраи амали низоми МОИ «Данғара» дар ҳудуди минтақа дар баробари забони давлатӣ забонҳои муоширати байнидавлатӣ - русӣ ва англисӣ забонҳои корӣ ба ҳисоб мераванд.

  • 83

    Барои дароз кардани мӯҳлати амали МОИ «Данғара» аз ҷониби Маъмурияти МОИ ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИхулосаҳои иқтисодӣ оид ба дароз кардани мӯҳлати фаъолияти МОИ «Данғара» пешниҳод мегардад, ки инҳоро дар бар мегирад:
    - ояндабинӣ ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Данғара»;
    - баҳои самаранокии фаъолияти МОИ «Данғара».

15. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ

  • 84

    Дар ҳудуди МОИ «Данғара» вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ иҷро менамояд, ки онро роҳбар ба ӯҳда дорад.
    Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.
    Маъмурияти МОИ мақоми идоракунандаи МОИ «Данғара» буда, фаъолият ва рушди МОИ «Данғара» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои МОИ-ро дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои пешбинишуда таъмин менамояд.
    Маъмурияти МОИ шахси ҳуқуқӣ буда, дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамчун муассисаи давлатии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад. Маъмурияти МОИ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИқарор гирифта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиқ мегардад, фаъолият менамояд.
    Маъмурияти МОИ дорои мӯҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгузории «Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба забонҳои давлатӣ ва англисӣ, суратҳисобҳо, рамзи хусусӣ, атрибутика ва дигар нишонаҳо мебошад.

  • 85

    Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
    Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси қоидаҳои маъмули ҳамкории зич бо маъмурияти дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ гардонидан ва бо назардошти манфиатҳои дигар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад, ба барқарорсозии стандартҳои байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва одоби корӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

  • 86

    Хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи Маъмурияти МОИ аз ҳисоби буҷети МОИ «Данғара» тибқи харҷномаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ барои соли навбатии молиявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

  • 87

    Ҳуқуқу ваколатҳои Маъмурияти МОИ аз инҳо иборатанд:

    - таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаи рушди МОИ «Данғара», аз ҷумла нақшаи генералии минтақа;
    - қабули санадҳо доир ба идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар МОИ «Данғара»;
    - таҳияи буҷети мустақили минтақа, тасдиқи он тибқи тартиби муқараргардида ва таъмини иҷрои он;
    - таҳияи нақшаи ҷобаҷокунии субъектҳои МОИ дар сарҳади ҳудудии МОИ «Данғара» бо назардошти таклифҳои онҳо, аз ҷумла хароҷоти молиявии ҳар як субъекти МОИ барои пешниҳоди минбаъдаи он ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
    - таҳияи харҷномаи хароҷотҳо оид ба ободонии сарҳади ҳудуди муайяншудаи МОИ «Данғара»;
    - мувофиқаи нақшаи ҷойгиршавии инфрасохторҳои гумрукӣ бо мақоми ваколатдори давлатии гумрукӣ;
    - таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари МОИ «Данғара»;
    - таъмини рушди МОИ «Данғара» бо роҳи ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ, воситаҳои молиявии ташкилотҳои ватанию хориҷӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, қарз ва грантҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ;
    - ташкили маъхази иттилоотию таҳлилии фаъолият ва рушди иқтисодии МОИ «Данғара»;
    - ҳимояи манфиатҳои субъектҳои МОИ;
    - фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
    - назорати риояи низоми ҳуқуқии МОИ «Данғара», таҳияи тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала тибқи тартиби муқараргардида;
    - таъмини назорати давлатӣ ва назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» бо мақсади иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои рушди МОИ «Данғара»;
    - пешниҳоди замин барои иҷора ба субъектҳои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Данғара»;
    - ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубаторҳо, анборҳо, биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Данғара»;
    - ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Данғара» ҷалб мешаванд;
    - баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон;
    - ба довталабон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиршавӣ ва нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Данғара»;
    - танзими робитаҳои МОИ «Данғара» бо бозори байналмилалӣ;
    - ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои МОИ «Данғара», иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;
    - ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
    - ба имзо расонидани шартномаҳо бо субъектҳои МОИ;
    - ташкил ва пешбурди дафтари бақайдгирии сертификатҳо;
    - додани сертификатҳо ба субъектҳои МОИ;
    - такмили шаклҳои идоракунии хоҷагии МОИ «Данғара» ва амалигардонии идоракунии хоҷагӣ бо дарназардошти самаранокии иқтисодии истифодаи масоҳати заминҳои давлатӣ ва моликияти хусусӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара»;
    - таъмини азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳое, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
    - хизматрасонӣ дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд;
    - додани рухсатномаҳо барои даромадан ба ҳудуди МОИ «Данғара»
    - ташкил ва назорати фаъолияти воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи ҳифзи иншооти МОИ «Данғара». Сохтор ва шумораи воҳидҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Маъмурияти МОИ дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
    - ҳар семоҳа ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИпешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолияти МОИ «Данғара»;
    - амалигардонии дигар ваколатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.

  • 88

    Қарорҳои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоҳияти он қабул гардидаанд, барои субъектҳои МОИ ҳатмӣ мебошад.

  • 89

    Санҷиши фаъолияти Маъмурияти МОИ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ амалӣ мегардад.

  • 90

    Роҳбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
    Ҳаҷми маоши вазифавии роҳбарияти Маъмурияти МОИ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

  • 91

    Ба вазифаи роҳбари Маъмурияти МОИ шахсе таъин мегардад, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на кам аз 5 соли фаъолият дар вазифаи роҳбари ташкилот ё дар вазифаҳои хизмати давлатӣ дошта бошад.

  • 92

    Роҳбари Маъмурияти МОИ:

    - ҳуқуқ ва вазифаҳои Маъмурияти МОИ-ро таъмин менамояд;
    - МОИ «Данғара»-ро дар ҳама ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ, байналмилалӣ, корхонаҳо, бонкҳо ва муассисаҳо намояндагӣ менамояд;
    - барои иҷрои уҳдадориҳо ва вазифаҳояш ҷавобгарии шахсӣ дорад;
    - воҳидҳои кориро муқаррар менамояд, кормандони Маъмурияти МОИ-ро ба вазифа таъин ва озод менамояд.

  • 93

    Роҳбари Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифаҳо инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мувофиқашудаи Маъмурияти МОИ- ро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди МОИ «Данғара» амалӣ менамояд.

16. Тартиби барҳам додани МОИ «Данғара»

  • 94

    МОИ «Данғара» дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.

  • 95

    Субъектҳои МОИ «Данғара» дар ҳолати барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои худ, ки дар қонунгузорӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд, маҳрум мешаванд.
    Барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ягон оқибати ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолият ё барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ оварда намерасонад ва онҳо метавонанд дар ҳудуди собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият кунанд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шаванд.
    Мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба барҳам додани МОИ «Данғара» ирсол менамояд.
    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани таҳлили пурраи иқтисодиии мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии МОИ «Данғара» комиссия таъсис медиҳад.
    Дар асоси таҳлили пурраи анҷомдодашуда ва бо назардошти таклифи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссия ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани МОИ «Данғара» ва мӯҳлатҳои барҳам додани МОИ «Данғара» пешниҳод ирсол менамояд.

17. Нишонии Маъмурияти МОИ «Данғара»

  • 96

    Маъмурияти МОИ «Данғара» дар суроғаи зайл ҷойгир аст:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара.