МОИ “Данғара” – имконияти васеъ барои соҳибкорон
Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Данғара” 521,37 га замин аз ҳудуди ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара ҷудо карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ( аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №700 аз 25 марти соли 2011 ба имзо расидааст) ва Низомномаи МОИ «Данғара», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1545 аз 20.01.2010 тасдиқ шудааст. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба Шартномаи Киото (аз 14 маи соли 1973), ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷаҳонро ба танзим медарорад, имзо гузоштааст.
Мақсади асосии ташкили МОИ “Данғара” тавре ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 3 ва Низомномаи МОИ “Данғара”, банди 1 қисми 2 бармеояд, ин:
ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти кишвар;
– баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат;
– таъмини рушди иқтидори иқтисодии кишвар;
– таъмини аҳолӣ бо ҷои кор;
– ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ;
-ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот; бунёд ва ободонии ҳудуди МОИ ва гирду атрофи он ва ғайраҳо мебошад.
Дар бобби 1 моддаи 1 сархати 1 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мафҳуми минтақаи озоди иқтисодӣ ба чунин зайл омадааст: «-минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсусиҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст».
Дар сархати панҷуми ҳамин модда мафҳуми маъмурияти минтақа ин тавр шарҳ дода шудааст: «маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора менамояд».
Дар моддаи 14 банди 1 омадааст, ки «Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ иҷро менамояд».
Дар банди 2 қисми 6-и Низомномаи МОИ «Данғара» омадааст, ки «Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд, амал менамояд.
Дар қисми муносибатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим дароварда нашудаанд, меъёрҳои қонунгузорие, ки ба моҳияти онҳо зид нестанд, амал менамоянд».
Самтҳои асосии афзалиятнок дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” инҳо мебошанд:
– Коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла пахта, пилла, гушт, пашм, пӯст, меваҷот, меваи хушк, коркарди дигар намуди зироатҳо;
– Истехсоли мошинсозӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, дастгоҳсозӣ;
– Истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва коркарди он;
– Истеҳсоли маҳсулотҳои саноати химиявӣ;
– Коркарди ашеи хоми маҳаллӣ, аз Ҷумла коркарди санг, дигар канданиҳои фоиданок (ба истиснои тилловорӣ);
– Истеҳсоли маводҳои тиббӣ ва дорусозӣ;
– Истеҳсоли маводҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқистеҳсолкунанда;
– Коркард ва истеҳсоли маҳсулотҳои чубӣ;
– Истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун (ба истиснои нӯшокиҳои зераксизӣ);
– Мувофиқи талаботҳои мавҷуда барномаи рушди МОИ “Данғара” барои солҳои 2016-2020 таҳия гардида, аз тарафи Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурӣ 11.02.2017 тасдиқ гардид, ки дар он ҳама паҳлуҳои мақсадҳои дар пешистодаи МОИ “Данғара” фаро гирифта шудааст.
-Яке аз вазифаи асосии Маъмурияти МОИ “Данғара” ин ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёт мебошад. Дар ин самт Маъмурияти МОИ “Данғара” корро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, бо роҳҳои гуногун, иштирок дар конфронсу симпозиумҳо, вохуриҳои зиёд бо сармоягузорони хориҷӣ, чопи материалҳои тарғиботӣ ва ба воситаи ахбори умум ва ғайра тавонист, ки дар зарфи 6 сол ба муваффақият ноил гардад. Аз ҷумла айни ҳол дар минтақа 26 субъект ба қайд гирифта шуда, то ин муддат ба минтақа 1 миллиарду 317 миллион сомонӣ Ҷалб карда шудааст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карда буданд, асоси ҷалби сармояи хориҷӣ ин бунёди инфрасохтори замонавӣ мебошад. Инро дастури кори худ карда, Маъмурияти МОИ “Данғара” аз рӯзи фаъолияти худ ба бунёди инфрасохтори худ оғоз намуд. Маъмурияти МОИ “Данғара” тавонист, ки дар як муддати кутоҳ бинои Маъмури замонавӣ бунёд намояд, қисмати якуми ҳудуди худро, ки 222 га мебошад, панҷарабандӣ кунад, аз масофаи 4,5 км ба ҳудуди минтақа ва деҳаҳои гирду атроф қубурҳои об кашонад, роҳҳои дохилиро ба масофаи қариб 5 км бунёд намояд, қисман қубурҳои обпарто созад, се хати барқ аз масофаҳои 10 км ва 18 км аз зеристгоҳҳои Саргазон ва Коргар ба ҳудуди минтақа кашад, терминали гумрукии минтақаро ба истифода диҳад, қариб 8 ҳазор дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ дар ҳудуди минтақа ва атрофи он шинонад.
Дар айни ҳол, дар ҳудуди минтақа ҶДММ “МИСР-2001” ба истеҳсоли шағал, ва қуми сохтмонӣ, ҶДММ “Тоҷи осиё” ба истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, ҶДММ “Грин голд” ба коркарди махсулоти донагӣ, ҶДММ “Космос” ба воридот ва фурӯши техникаҳои калонҳаҷми сохтмонӣ, ҶДММ “Ауфен” ба истеҳсоли конструксияҳои металлӣ машғуланд. Агар соли 2015 дар ҳудуди минтақа ба маблағи 2,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 2016 аз тарафи субъектҳои минтақа ба маблағи беш аз 16 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Бо ба кор даромадани чор корхонаи дигар дар соли 2017 истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар минтақа метавонад ба беш аз 100 млн расонида шавад. ҶДММ “Грин голд” бошад, соли 2015 аввали 40 тонна пистаи коркардаи худро бо тамғаи МОИ “Данғара” ба Аморати Муттаҳидаи Араб содирот намуд.
Соли 2016 аз тарафи Маъмурият ва субъектҳои минтақа 1744 Ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуд. Дар минтақа аз њама гушаву канори кишварамон кор ва фаъолият менамоянд, ки ин ба баландравии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ албатта мусоидат менамояд.
— Сарчашмаҳои асосии даромади Маъмурияти МОИ “Данғара” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 16 банди 1 ва 2 маблағхои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, манбаъҳои дохилӣ ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурӣ манъ накардааст, мебошанд. Ҳар сол аз буҷети Ҷумҳурӣ ба Маъмурияти минтақа ҳамагӣ қариб 1.5 млн сомонӣ Ҷудо мегардад, ки ин барои нигоҳдории Маъмурият ва бунёди инфрасохтори минтақа тамоман басанда нест.
Барои ҳамин мувофиқи қонунгузории амалкунанда Маъмурият ҳар сол буҷети худро таҳия намуда, бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷуҳурӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурӣ мувофиқа мекунад ва аз рӯи он фаъолияти молиявии худро ба роҳ мемонад. Маъмурият мувофиқи моддаи 18 банди 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” барои ташкили Фонди рушди минтақа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурӣ –ҳамчун мақоми ваколатдор мактуб ирсол намуд, вале дастгирӣ наёфт.
Танзими молиявӣ, асъорӣ ва суғуртавии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 21 бандҳои 1 ва 2 моддаи 23 ба танзим дароварда шудаанд ва Маъмурияти МОИ “Данғара”оид ба ин масъалаҳо пурра аз рӯи меъёрҳои қонун амал мекунад.
— Низоми андозӣ дар МОИ “Данғара” дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 20, дар Низомномаи МОИ “Данғара” банди 11 ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 325-326 ба танзим дароварда шудаанд. Маъмурият аз болои пардохти андозии субъектҳо, ки аз рӯи ду намуди андоз (андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ва андози иҷтимоӣ) андозсупоранда мебошанд, назорат мебарад. Дар соли 2016 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи мамлакат беш аз 5 млн сомонӣ пардохт карда шудааст. Мувофиқи Низомномаи МОИ “Данғара” банди 11 қисми 71 назорат аз болои пардохтҳои андозии субъектҳои МОИ “Данғара” ба зимаи мақомоти андози ноҳияи Данғара вогузор карда шудааст.
— Фаъолияти субъектҳои МОИ “Данғара” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”моддаи 27 аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани макомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад. Вале дар инҷо хусусиятҳои низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодиро, ки дарқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд ва Низомномаи МОИ “Данғара” онро ба низом медарорад, бояд ба назари эътибор гирифт. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурии худ бо соҳибкорон ва сармоягузорон қайд намуда буданд, ҳар гуна санҷишҳои беасос метавонад ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ва махсусан сармояи хориҷӣ таъсири манфии худро расонанд. Бояд қайд намуд, ки аксарияти субъектҳои МОИ “Данғара” аз ҷониби сармоягузони хориҷӣ бунёд ёфта истодаанд.
Саъдулло А. Ю. — Собиқ Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара»