Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – воситаҳои муҳими ҷалби сармоя ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011, №3, мод. 167;)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодии таъсис, идоракунӣ, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби татбиқи низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
-
Моддаи 1
Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст;
- низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;
- инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмӯи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техникии ободонии минтақа, ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ - мақомоти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, идора, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;
- маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад;
- буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – маблағе, ки барои таъсис ва хароҷоти хоҷагидории минтақаи озоди иқтисодӣ ва таъмини мақсаду вазифаҳои он истифода бурда мешавад;
- фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ – маҷмӯи маблағгузорие, ки барои ташкил ва таъмини рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкории дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бақайдгирифташуда истифода карда мешавад;
- шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ – мақоми экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд ва бо маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи фаъолият кардан дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ шартнома бастаанд;
- шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолият ва истифода кардани низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ. -
Моддаи 2
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
-
Моддаи 3
Мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;
- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;
- ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
- беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
- баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот;
- ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ;
- фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳо;
- азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъмини рушди шаҳрсозӣ;
- нигаҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда. -
Моддаи 4
Фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шаванд. Номгӯйи самтҳои афзалиятнок ва намудҳои фаъолияти манъкардашуда дар низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба амалӣ намудани якчанд намудҳои фаъолият ҳуқуқ доранд. -
Моддаи 5
Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусияти фаъолияташон ба намудҳои муайян ҷудо мешаванд ва инчунин метавонанд хусусиятҳои якчанд шакли функсионалии (маҷмӯии) минтақаҳои озоди иқтисодиро дар бар гиранд. Минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад аз якчанд қитъаи алоҳидаи таҳти идораи ягона иборат бошад.
2. Минтақаҳои озоди иқтисодиро дар чунин намудҳо таъсис додан мумкин аст:
- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
- савдо ва тиҷоратӣ;
- хизматрасонӣ;
- инноватсионӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда.
3. Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.
4. Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки ҳудуди он барои такмилдиҳӣ, коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар қитъаҳои дигари маҳдудкардаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмилалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад.
5. Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ (консалтингӣ), муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.
6. Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиётҳои нави самараноки техникӣ (ноу-хау) ба роҳ монда мешавад.
7. Таъсиси минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад. -
Моддаи 6
Мӯҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 50 сол, вобаста ба хусусият, намуди фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, фаъолияти имрӯза ё ояндаи ҳудуди он ва вобаста ба мақсаду вазифаҳои аниқи минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.
-
Моддаи 7
Дароз намудани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ
Мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди асосноки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки на кам аз ду сол пеш аз тамом шудани мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ирсол мегардад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мӯҳлати дарозкардашудаи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ набояд аз мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ зиёд бошад.
БОБИ 2.
ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
-
Моддаи 8
Тартиби пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди маъмурии он бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, дар шакли дархост ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ирсол мегардад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.
2. Барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ хуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нақшаи ҳудуд ва сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ;
- лоиҳаи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ;
- асоснокии техникӣ ва иқтисодии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ;
- асоснокии самаранокии молиявии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ. -
Моддаи 9
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Қарор дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома ва нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодиро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудуди онро тасдиқ менамояд.
4. Манбаъҳои маблағгузории хароҷот барои таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла нигоҳдории маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар марҳилаи ташкил ва сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. -
Моддаи 10
Тартиби додан ва бозхонди мақоми субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Тартиби баррасии ариза ва додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сурат мегирад.
2. Соҳибмулкони иншооти ғайриманқул, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ то таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зери иншоотҳои худро нигоҳ медоранд.
3. Ба соҳибмулкони иншооти ғайриманқули дар моддаи мазкур зикргардида имконияти дар муддати се соли давраи гузариш ҳуқуқи интихоб намудани низоми ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ё дар низоми муқаррарӣ мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дода мешавад.
4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъекти бақайдгирифташудаи минтақаи озоди иқтисодӣ шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодиро месупорад. Намунаи шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Бозхонди ихтиёрии мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ё барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
6. Дар сурати аз тарафи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани муқаррароти шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи бозхонди мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад.
7. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ баъди ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ додани мақоми субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва инчунин пас аз қатъи фаъолияти субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мӯҳлати се рӯзи корӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти андоз ва гумрук оид ба масъалаҳои мазкур маълумот пешниҳод менамояд.
8. Маълумот дар бораи додан ва бозхондани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба китоби баҳисобгирии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дохил карда мешавад. -
Моддаи 11
Маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад.
2. Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар маркази ягонаи хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. -
Моддаи 12
Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
2. Маҷмӯи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузорӣ ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.
3. Моликияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди милликунонӣ, реквизитсия ва ё мусодира қарор мегирад.
4. Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва дигар маблағҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.
5. Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.
6. Дар сурати пеш аз мӯҳлат барҳамхӯрии минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.
7. Зарар, фоидаи аздастдода ва зарари маънавие, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдор дар натиҷаи дахолати беасос ба фаъолияти онҳо расонида мешаванд, бо тартиби судӣ ҷуброн карда мешаванд.
8. Давлат нисбати ӯҳдадориҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ нисбати ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.
БОБИ 3.
ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
-
Моддаи 13
Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ низоми ягонаи марказонидашудаи идораи минтақаҳои озоди иқтисодиро таъсис медиҳанд.
4. Муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор карда мешавад. -
Моддаи 14
Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи ваколати худ, ки Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мекунанд, иҷро менамояд.
2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
3. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян менамояд.
4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
5. Таъсиси маъмурияти умумӣ барои идоракунии якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
6. Роҳбарии фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
7. Роҳбари маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. -
Моддаи 15
Ваколатҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ;
- таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодӣ;
- ташкили махзани иттилоотӣ-таҳлилии дурнамои рушди самараноки минтақаи озоди иқтисодӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо;
- додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва пешниҳоди маълумотҳо оид ба субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ;
- намояндагии манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- нашри маълумот дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд доштани қитъаҳои замини дар истифоданабуда ва молу мулки давлатӣ;
- ҷудо кардани қитъаи замин ва назорати истифодабарии он аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ;
- тақсим ва назорати харҷи маблағ барои ташкил ва рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- иҷрои вазифаҳо ҳамчун фармоишгари давлатӣ доир ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва ташкили инфрасохтори саноатӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии минтақаи озоди иқтисодӣ;
- додани иҷозати сохтмон, ташкил ва таъмини шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъмини муҳандисию техникӣ;
- идораи объектҳои моликияти давлатии воқеи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор;
- ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- ташкил додани Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- ташкил, таъмин ва назорати фаъолияти сохтори истеҳсолӣ, коммуналӣ ва нақлиётии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншооти истеҳсолӣ, анбор, нақлиётӣ ва таъиноти дигари хизматӣ;
- назорати субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба риоя намудани муқаррароти Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, шартномаҳо дар бораи фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист;
- мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- пешниҳоди таклифҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаи озоди иқтисодиро ба танзим медароранд;
- таъмини рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо роҳи ҷалб намудани сармоягузорон, маблағи ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи қарзҳои имтиёзнок, қарзҳо ва грантҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва аъзо гардидан ба ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои рушд ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ машғул мебошанд;
- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
2. Иҷрои қарорҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи ваколати он қабул гардидаанд, дар ҳудуди он ҳатмӣ мебошад. -
Моддаи 16
Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаъҳои дохилӣ (пардохтҳо, боҷҳо ва даромадҳо аз хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
2. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро дар соли молиявӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия менамояд ва он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия тасдиқ карда мешавад. -
Моддаи 17
Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ мақоми экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, аз намояндаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар қаламрави маъмурии онҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, намояндаҳои мақомоти гумрук ва андоз, бизнес-ассотсиатсияҳо, намояндагони субъектҳои минтақаҳои озоди иктисодӣ иборат мебошад.
2. Тартиби ташкил, фаъолият ва вазифаҳои Шӯрои нозирон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. -
Моддаи 18
Фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, онро Шӯрои Фонд идора менамояд.
2. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо низомнома дар бораи Фонд муайян карда мешавад.
3. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодиро тибқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил намояд.
4. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 4.
НИЗОМИ МАХСУСИ ҲУҚУҚӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
-
Моддаи 19
Хусусиятҳои танзими гумрукӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моли дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад.
2. Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.
3. Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад. Номгӯйи чунин молҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд.
5. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида мешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тибқи шартҳои низоми гумрукии қабулгардида татбиқ карда мешаванд.
6. Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
7. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. -
Моддаи 20
Хусусиятҳои андозбандӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад.
2. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.
3. Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣ - ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.
5. Пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз назорат мекунад.
6. Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати коргарони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд.
7. Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
8. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустақилона пеш мебаранд.
9. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ объектҳои андозбандӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ тааллуқ надоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд. -
Моддаи 21
Танзими молиявӣ ва асъорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Хусусиятҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи молия муайян карда мешаванд.
2. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муомилоти озоди асъори хориҷӣ дар баробари асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. -
Моддаи 22
Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ
1. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
2. Тартиби таъсиси бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. -
Моддаи 23
Фаъолияти суғуртавӣ
Суғуртакунонӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
-
Моддаи 24
Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ ба танзим дароварда мешаванд.
2. Созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ набояд шароити кормандони ҳамин корхона ва ташкилотҳоро нисбати шароити пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазнин намоянд.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла коргарони хориҷӣ, мутахассисони муҳандисию техникӣ ва идоракунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои тахассусии марбут ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо назардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. -
Моддаи 25
Амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист
Муносибатҳо дар бахши амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегарданд.
-
Моддаи 26
Тартиби истифодабарии замин
1. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаҳои заминро дар ҳудуди он дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои вобаста ба заминро танзим мекунанд, истифода менамояд.
2. Тартиби пешниҳоди қитъаҳои замин ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад. -
Моддаи 27
Санҷиши фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад.
-
Моддаи 28
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
-
Моддаи 29
Тартиби содаи реҷаи раводид
Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият ё тариқи кироя кор мекунанд, тартиби содаи воридшавӣ, хориҷшавӣ ва будубош истифода бурда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
-
Моддаи 30
Тартиби баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои байни субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ алоқаманд аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
-
Моддаи 31
Барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
2. Ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки бо низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар карда шудааст, асоси барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
3. Минтақаи озоди иқтисодиро метавон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, пеш аз мӯҳлат барҳам дод.
4. Минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат барҳам додан мумкин аст:
- агар дар давоми ҳафт соли баъди таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ягон субъект ба қайд гирифта нашуда бошад ва шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ баста нашуда бошад ё ин ки ҳамаи шартномаҳои пеш басташуда бекор карда шуда бошанд;
- агар дар давоми ҳафт соли пайдарпай дар минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои он фаъолият накарда бошанд.
5. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси маҳрум шудани субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мегардад. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ нисбати фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳудуди собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шудаанд, намегардад.
6. Дар ҳолати барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни бақайдгирии иловагӣ ё азнавбақайдгирӣ бо тартиби умумӣ идома диҳанд. -
Моддаи 32
Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
-
Моддаи 33
Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 335) аз эътибор соқит дониста шавад. -
Моддаи 34
Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,
№ 700