Иди модарон муборак!

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар бузургии модарро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкат варзида, дар давлатдорӣ низ фаъол мебошанд ва барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.

Роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Данғара» ба ифтихори ин ҷашни бузургу фараҳбахш, яъне Рӯзи Модар тамоми бонувонро аз самими қалб табрик гуфта, барояшон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамояд.



Leave a Reply